Ҳамтои руси Шералӣ Кабир ба Душанбе омад

Вазири саноат ва савдои Русия Денис Мантуров бо як сафари корӣ вориди Тоҷикистон шудааст.

Сафари Денис Мантуров ба шаҳри Душанбе аз 26 то 27-уми апрел идома хоҳад кард. Номбурда дар сафари худ ба Душанбе бо раҳбарияти олии кишвар як силсила мулоқоти дуҷониба анҷом хоҳад дод.

Илова бар ин, вазири рус дар ҷаласаи XXI Комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои низомиву иқтисодии СПАД иштирок хоҳад кард.

Вазири саноат ва савдои Русия Денис Мантуров бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Кабир

Ёдовар мешавем, ки қаблан вазири саноат ва савдои Русия аз афзоиши солонаи 15-дарсадии гардиши мол миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ёдовар шуда буд. Ба гуфтаи вай, ин рақам аз 42 миллиард доллар ҳам бештар шудааст.

Денис Мантуров таъкид кард, ки дар ин марҳалаи ҳамкорӣ маҳз Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо Русия дар масъалаҳои воридотивазкунӣ ва соҳибихтиёрии технологӣ мавқеи пешсафро ишғол мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *