Боз як гузаргоҳ бо Ӯзбекистон
Рӯзи 2 март дар минтақаи Боботоғ дар марзи ҷамоати Ориён Ҳисори Тоҷикистон ва ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон маросими ифтитоҳи гузаргоҳи нави сарҳадӣ доир шуд.
Ин гузаргоҳи инак 17-ум дар марзи байни ин ду кишвари ҳамсоя аст. Аксари ин гузаргоҳҳои солҳо боз басташуда як сол пеш, дар пайи хуб шудани робитаҳои Тошканду Душанбе аз нав кушода шуданд. Гузаргоҳи Боботоғ дар замони Шӯравӣ сохта шуда, беш аз 20 сол боз баста буд.
Рӯзи 2 март дар маросими ифтитоҳи гузаргоҳи мошингузар дар марзи байни ҷамоати деҳоти Ориёни Ҳисори Тоҷикистон ва ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ҳудуди 2000 нафар аз ҳарду тараф, аз ҷумоа фармондеҳони нирӯҳои сарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Руслан Мирзоев иштирок кардаанд.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, мардуми зиёде аз ду ҷониби марз бо парчамҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва гулу гулдаста аз кушодани шудани боз як гузаргоҳ дар марзи ду кишвари ҳамсоя истиқбол кардаанд.
Ба гуфтаи Улуғхоҷаев, «ин гузаргоҳ ҳанӯз дар даврони шӯравӣ бунёд шуда буд. Ҳоло он мутобиқ ба талаботи замонавӣ таҷдид гардида, бо техника муосир ва имконот барои ҷорӣ намудани хадамоти сарҳадӣ муҷаҳҳаз шудааст.”
Ният Ҳаёт, сухангӯи ҳукумати шаҳри Ҳисор низ дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки дар маросими ифтитоҳи гузаргоҳи нав дар Боботоғ Шарифҷон Ҷумъазода, раиси шаҳри Ҳисор ва ҳокими ноҳияи Узун суханронӣ карда, «ба ду халқи ба ҳам дӯсту бародар дар муносибатҳои минбаъдаи ҳамсоягиву бародарӣ барору пешрафти корро таманно доштанд. Баъдан барномаи консертии ҳунармандони тоҷику ӯзбек манзури аҳли нишаст гардид. Бояд тазаккур дод, ки дар маросими ифтитоҳи гузаргоҳ беш аз даҳ ҳазор сокинони ду кишвар ширкат доштанд, ки пайке аз хурсандӣ ва устувории дӯстиву бародарӣ дошт.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ