Духтари рӯзноманигори тоҷик зебосанами Владимир шуд

Нилуфар Рафиева, донишҷӯи 20-сола аз Тоҷикистон дар озмуни «Краса народов земли Владимирской” дар вилояти Владимири Русия бори дигар зебоии духтарони тоҷикро исбот кард ва соҳиби ҷои аввал ва унвони зеботарин бонуи ин вилоят шуд. Нилуфар Рафиева дар даври аввали озмун дар овоздиҳӣ дар Интернет ҷои дуюмро гирифт, вале рӯзи 3 март дар марҳалаи ниҳоӣ ҳамаро чунон ба ваҷд овард, ки вақте муҷрӣ ба эълон кардани номи «Зеботарин бонуи халқҳои сарзамини Владимир” сар кард, аҳли толор мунтазири идомаи суханони ӯ нашуда, худ исми ғолибро бо як овоз эълон карданд: «Нилуфар! Нилуфар! Нилуфар!”

Марҳалаи ниҳоии озмуни «Краса народов земли Владимирской” рӯзи 3 март дар Кохи фарҳанги ҷавонони шаҳри Владимир доир шуд. Дар ин озмун духтарони зебо аз Гурҷистон, Озарбойҷон, Молдавия, Тотористон, Русия, Мордова, Доғистон, Мари Эл, Украина ва Тоҷикистон иштирок карданд. Тоҷикистонро дар озмун Нилуфар Рафиева, донишҷӯи соли чоруми риштаи равоншиносии Донишгоҳи давлатии шаҳри Владимир ба номи Столетовҳо намояндагӣ мекард.

Озмуни «Краса народов земли Владимирской” дар вилояти 33-юми Русия имсол бори дуюм бо кумаки маъмурияти ин вилоят ва дар чорчӯби Стартегии давлатии сиёсати миллии Русия баргузор карда шуд.

Озмун дар ду марҳала сурат гирифт. Дар марҳалаи аввал дар овоздиҳӣ дар Интернет Нилуфар Рафиева ҷои дуюмро гирифта, аз Дания Хайретдинова, намояндаи Тотористон ақиб монд. Вале дар даври ниҳоӣ Нилуфар иродаи маҳками худ ва дониши баландаш дар муаррифии фарҳанги миллати худ ва дар таҳияи ғизоҳои миллиро ба намоиш гузошт ва ҳамаро ба ваҷд овард. Аз ин рӯ, вақте муҷрӣ ба эълон кардани исми «Зеботарин бонуи халқҳои сарзамини Владимир” сар кард, ҷумлаашро ҳанӯз ба охир нарасонда, тамоми толор худаш бо як овоз исми ғолибро эълон кард: «Нилуфар! Нилуфар! Нилуфар!”

Нилуфар Рафиева  3 апрели соли 1998 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, дар Хуҷанд ба воя расидааст. Ӯ дар соли чоруми риштаи равоншиносии Донишгоҳи давлатии Владимир ба номи Столетовҳо таҳсил мекунад.

Модари Нилуфар рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Мавлуда Рафиева мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *