Боз як модару кӯдакро сел бурд

Сел дар деҳаи Камчати ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз як модару кӯдакро қурбон кардааст.

Як масъули ҳукумати Дарвоз рӯзи 13 апрел гуфт, ки ҷасади Мадина Иброҳимзодаи 19-сола ва писари дусолаи ӯ Давлатҷон Исмоилзодаро пайдо кардаанд ва ба зудӣ ба хок хоҳанд супурд. Ӯ гуфт, “ҳодиса соати 10-и ҳамин рӯз рух дод. Сел омад. Хонаашонро чаппа карда ва инҳоро бо худ бурдааст.” Раиси ҷамоати Сағирдашт гуфт, ки бориши зиёди борон ва омадани сел дар гӯшаҳои дигари ин ноҳия низ харобкорӣ кардааст. Ҳамагӣ даҳ рӯзи пеш дар ноҳияи Ашт як модар бо кӯдакаш дар об рафтанд. Мақомот гуфтанд, ки Қурбоной Мирзоқулова, сокини деҳаи Сариҳавзи ҷамоати Пунуки ноҳияи Ашт, бо тифлаш ба лаби сой барои обгирӣ рафта, баъдан ҳарду дар об рафтаанд. Дар пайи офатҳои табиии чаҳор моҳи охир беш аз сӣ нафар ҷон бохтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *