Саидраҳмон Назризода бо Бернар Тано-Бучуе мулоқот кард

Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Саидраҳмон Назризода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Кот д’ Ивуар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқоматгоҳ дар шаҳри Москва Бернар Тано-Бучуе мулоқот кард.

Густариши  ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, кишоварзӣ, туризм, рушди бахши хусусӣ ва омӯзиши таҷриба аз масъалаҳое буданд, ки дар ҷараёни суҳбат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории марбут ба рушди робитаҳои дуҷониба мубодилаи афкори судманд намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *