Боз як қочоқчӣ ба дом афтод
Амалиётҳои муштараки хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар асосӣ маълумотҳои пешакии оперативӣ, 17 августи соли равон соати 21:10 хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо кормандони шӯъбаи корҳои дохила дар вилояти Хатлон, дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии ба номи генерал-майор Р.Амакиев Отряди сарҳадии «Панҷ», байни қитъаҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, амалиёт гузаронида дар натиҷа убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз ҷониби қочоқчиёни афғон ва кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд.
Ҳангоми гузаронидани амалиёт, гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни номаълуми афғон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ мешаванд.
Қочоқчиёни афғон ба амри сарҳадбонони тоҷик итоат накарданд, ки байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ меояд. Дар натиҷаи задухӯрд як нафар қочоқчӣ захми мегардад.
Дар ҷои ҳодиса тақрибан 10 кг маводи мухаддири навъи Афъюн дарёфт ва мусодира карда шуд.
Нисбати ин ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ