Хуҷанд: Имсол назар ба соли гузашта125 кӯдак зиёд ба дунё омад!

 

Шӯъбаи оморӣ вилояти Суғд хабар медиҳад, ки дар 7 моҳи соли ҷорӣ дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд 2 ҳазору 344 тифл ба дунё омадааст, ки аз ин 1172 нафарашон духтар ва 1173 нафар писар мебошанд. Ба иттилои ин ниҳод  имсол тавлиди тифл назар ба ҳамин давраи соли гузашта 125 нафар зиёд мебошад. Дар ин давра 16 кӯдак бо вазни 500-999 грамм тавлид шудааст, ки духтурон инро фоли нек намеҳисобанд. Зеро аз рӯи таҳлили пизишкон ҳоло бештари занони ҳомила камхун буда ниёз ба хӯрокҳои серғизоро доранд. Аз сабаби суст будани ғизоноки миқдори заноне, ки тифли камвазн ба дунё меоранд зиёд шуда истодаанд. Танҳо дар соли ҷорӣ дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд аз миқдори умумии кӯдакони тавлидшуда 13-14 дарсадашон тариқи ҷарроҳӣ наҷот ёфтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *