Боз як садамаи маргбор дар шоҳроҳ

Тахминан як соат қабл, дар километри 33 — юми роҳи автомобилгарди Душанбе- Чанок ронандаи автомобили сабукрави Хюндай Соната аз уҳдаи идора намудани он набаромада, дар натиҷа автомобил ба пойдевори миёни роҳ бархӯрд.

Мутаассифона, дар натиҷаи ин садама як нафар ҳалок гардид.Дар робита ба рух додани садама кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқро шурӯъ намуданд. Тибқи фарзияҳои то ин замон ҳосилшуда, ронандаро хоб бурдааст.
Роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат ба аҳли оила ва наздикони нафари ҳалокшуда арзи тасаллият намуда, ба онҳо сабри ҷамил хоҳонанд. Ҳамрадиф бо ин, аз кулли ронандагон хохишмандем ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ таври бояду шояд риоя намоянд ва эҳтиёткору дақиқназар бошанд.

 

Далер Мерганов, сухангӯи

«Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *