Тест: Шумо ҳиллагаред?

Одамони ҳиллагар садҳо роҳу усули  дигаронро фиреб кардану ба дом афтонидан ва ба мақсади худ расиданро медонанд. Биёед месанҷем, ки хислати ҳиллагарӣ дар шумо ҳаст ё не?

  1. Шумо дар кӯдакӣ бозии чашмпӯшаконро дӯст медоштед?

А) Бале.    Б) На он қадар.    В) Не.

  1. Замони дар мактаб таҳсил карданатон одати аз ҳамсинфон рӯйбардор карданро доштед?

А) Бале.    Б) Баъзан.    В) Не.

  1. Шумо аз доираи нафарони хаёлпараст ҳастед?

А) Бале.  Б) Чандон не.  В) Не.

  1. Масхара кардани ҳамкорон ва дӯстон хушатон меояд?

А) Бале.  Б) Баъзан.  В) Не.

  1. Сардоратон ноҳақ бошад, нуқтаи назари худро иброз карда метавонед.

А) Не.  Б) Баъзан.  В) Бале.

  1. Ҳангоми қартабозӣ одати фиреб карданро доред?

А) Бале.  Б) Баъзан.  В) Не.

  1. Аз ҳамкоронатон иҷро кардани кореро, ки худатон аз уҳдааш намебароед, хоҳиш мекунед?

А) Бале.  Б) Баъзан.  В) Не.

  1. Фиреб карданро дӯст медоред?

А) Бале.  Б) Баъзан.  В) Не.

  1. Дар зарурат нақли худро обу ранг дода метавонед?

А) Бале.  Б) На ҳамеша.  В) Не.

  1. Ҳунари актёрӣ доред?

А) Бале.  Б) Баъзан.  В) Не.

  1. Атрофиён дурӯғи шуморо зуд фош месозанд?

А) Не.  Б) Баъзан.  В) Бале.

  1. Ғазаби худро пинҳон карда метавонед?

А) Бале.  Б) На ҳамеша.  В) Не.

  1. Ба хотири фаҳмидани ҳақиқат дурӯғ гуфта метавонед?

А) Бале.  Б) Баъзан.  В) Не.

  1. Розӣ шуда метавонед, ки дурӯғгӯйӣ одати заифон аст?

А) Бале.  Б) На ҳамеша.  В) Не.

Холҳоро ҷамъ карда бо натиҷаи санҷишнома шинос шавед

Ҷавобҳои бештари «а»

Шумо ба доираи нафароне дохил мешавед, ки бо роҳи ҳиллаву найранг ба тамоми хостаҳои дилашон мерасанд. Вазъиятро зуд дарк намуда, аз ҳолати атрофиён бохабар мешавед, дар баробари ин, моҳирона мақсаду ниятҳои асили худро пинҳон месозед.

Ҷавобҳои бештари «б»

Шумо самимиву дилсоф ҳастед ва аз ибрози ақида намудан наметарсед. Дар зарурат фикру андешаҳои асили худро махфӣ нигоҳ дошта метавонед, вале барои ба мақсад расидан атрофиёнро фиреб карда наметавонед.

Ҷавобҳои бештари «в»

 Шумо одами ростқавлу софдил буда, аксаран он чизеро ба забон меоред, ки андешаашро дар сар доред ва барои ба мақсад расидан роҳи ростро интихоб мекунед. Содаву беғараз ҳастед, аз ҳамин сабаб зуд-зуд фиреб мехӯред. Албатта ҳақиқатпараст будан хуб аст, вале фаромӯш накунед, ки бузургон «дурӯғи мусолиҳаомез беҳ аз рости фитнаангез» гуфтаанду дар баъзе ҳолатҳо аз рӯйи ин панд амал кардан беҳтар аст.

Таҳияи Нодираи Раҷаб

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *