Боз як сол. Муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо тамдид шуд
Муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилӣ бо шиносномаи нав ба муддати 1 соли дигар тамдид гардид.
Дар ин маврид имрӯз Рамазон Раҳимзода — вазири корҳои дохилии кишвар зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Бояд ёдовар шуд, ки муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо то 15-уми феврал муқаррар шуда буд.
Бояд зикр намуд, ки бақайдгирии симкортҳои мобилии шаҳрвандон бо шиносномаҳои пластикии ID бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати кишвар аз 30-юми апрели соли 2016 “Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он” ҷорӣ карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳи хонанда