Илҳомҷон Атоев

Беш аз 882 ҳазор симкорти фаъол бояд аз нав ба қайд гирифта шаванд

882 ҳазору 774 симкорти фаъол бояд то 15-уми феврал бо шиносномаҳои намунаи соли 2014 аз нав ба қайд гирифта шаванд. Ин рақамро Илҳомҷон Атоев — муовини раиси Хадамоти алоқа имрӯз дар нишасти матбуотии ин ниҳод қайд намуд.

Гуфта шуд, ки то ҳол 6 миллиону 213 ҳазору 28 симкорт аз азнавбақайдгирӣ гузашта, аз ин шумора 5 миллиону 558 ҳазору 993 симкорт фаъол мебошанд.

16 рӯз то анҷоми азнвабақайдгирӣ мондааст. Аз соли 2020 то имрӯз муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо ду маротиба тамдид карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *