Боз як тобути сарбоз дар замони осоишта

Тобути  Рамазон Забиров, сокини деҳаи  Тӯдаи ноҳияи Ҳисор аз қисми ҳарбӣ ба хонаашон оварда шуд .

Волидони ӯ даъво  доранд, ки фарзандашон ҳангоми хидмат дар сафи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз сӯи ҳамхидматонаш латту кӯб шуда, ҷон додааст. Рамазон моҳи апрели соли ҷорӣ ба хидмат рафта ва ҷасадаш рӯзи 7 август ба хок супурда шудааст. Сабаби  расмии марги Рамазон Забировро, ки дар қисми низомии 2858-и ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд хидмат мекард, то ҳол эълон накардаанд. Хонаводаи ӯ мегӯянд, касе аз масъулони қисми низомӣ низ сабаби марги писарашонро шарҳ надода, ҷасадро дар рӯи ҳавлӣ гузошта рафтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *