Боз як тобути сарбоз дар замони осоишта
Тобути Рамазон Забиров, сокини деҳаи Тӯдаи ноҳияи Ҳисор аз қисми ҳарбӣ ба хонаашон оварда шуд .
Волидони ӯ даъво доранд, ки фарзандашон ҳангоми хидмат дар сафи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз сӯи ҳамхидматонаш латту кӯб шуда, ҷон додааст. Рамазон моҳи апрели соли ҷорӣ ба хидмат рафта ва ҷасадаш рӯзи 7 август ба хок супурда шудааст. Сабаби расмии марги Рамазон Забировро, ки дар қисми низомии 2858-и ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд хидмат мекард, то ҳол эълон накардаанд. Хонаводаи ӯ мегӯянд, касе аз масъулони қисми низомӣ низ сабаби марги писарашонро шарҳ надода, ҷасадро дар рӯи ҳавлӣ гузошта рафтаанд.
Шарҳ