Боз як умеди олимпӣ барбод рафт

Дар қувваозмоии нахустин дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро Комроншоҳи Устопириён  аз рақиби гурҷиаш Варлам Липартелиани шикаст хӯрд.

Вай рӯзи 10-уми август дар риштаи дзюдо дар вазни то 90 кило вориди рақобат гардид, аммо натавонист пирӯз шавад.Ҳаждаҳ сония пеш аз анҷоми рақобат Варлам Липартелиани Комроншоҳро ба замин хобонда, 20 сония ба ӯ имкон надод, ки аз чанголаш халос шавад. Ҳамин тариқ, гуштигири гурҷӣ ғалабаи соф ба даст овард ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Вале паҳлавони тоҷик аз идомаи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум гашт.Бояд тазаккур дод, Варлам Липартелиани паҳлавони хеле пуртаҷриба буда, соли 2015-ум дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Остонаи Қазоқистон дар вазни то 90 кило соҳиби медали биринҷӣ гардидааст. Вай қаҳрамони ҳафткаратаи Аврупо ва ғолиби бисёркаратаи Гран-при ва Grand Slam (Тоскӯлоҳи бузург) мебошад. Ӯ дар рейтинг ё радабандии ҷаҳонии зӯртарин варзишгарони дзюдо дар ҷойи сеюм аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *