Боз як заминфурӯш дар Ҳисор ба даст афтод

Аз  ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Ҳисор, сармутахассиси соҳаи заминсозии шаҳри мазкур бо гумони гирифтани пора дастгир гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд, гумонбаршуда ҳамчун шахси мансабдор, аз ваколатҳои мансабиаш истифода намуда, 4 феврали соли равон ду қитъаи замини наздиҳавлигиро дар масоҳати ҳар кадомаш 0,06 га, ҷамъ 0,12 га-ро дар ҳудуди деҳаи Булбулчашмаи ҷамоати деҳоти «Ҳисор» ба номи зани 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти «Алмосӣ» ҷудо карда, аз шавҳари номбурда, марди 42-солаи сокини ҳамин шаҳр 6 ҳазор сомониро ҳамчун пора талаб карда гирифтааст.

Нисбат ба дастгиршуда аз тарафи Прокуратураи генералии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *