Фариштаи Фурайдон ба сарбози НАТО ҷавоби рад дод

Як сарбози НАТО, ки Ҷек Луард ном дорад, пас аз тамошои сомонаи YouTube ошиқи зори сарояндаи тоҷик Фариштаи Фурайдон гашт. Сарбози амрикоӣ муҳаббаташро дар мактубаш баён намуда, қайд карда буд, ки интизори посухи ин хонум аст. Мо ин мавзӯро пайгирӣ намуда, андешаи Фаришта Фурайдонро атрофи ин мавзӯъ пурсон шудем. Ин зебосанами ҳунарманд дар ҷавоб чунин гуфт:

-Шукронаи Худованди бузург ман соҳиби хонаву дари обод ҳастам. Сарвати ман духтарчаам Меҳрона аст, ки 7 сол дорад. Дар зиндагӣ ягон камбуд надорам. Панҷ сол боз дар саҳна ҳунарнамоӣ мекунам ва аллакай мухлисони худро пайдо намудаам. Намегӯям, ки аз ишқу муҳаббат безорам, ман ҳам инсонам ва дил дорам. Ин сарбози НАТО агар ба Тоҷикистон биёяд, ман метавонам бо ӯ риштаи дӯстӣ бандам, вале пешниҳодашро дар мавриди издивоҷ намудан қабул надорам. Қасри тиллоӣ дошта бошад ҳам, ман ниёз ба давлату сарват ва пулу моли ӯ надорам.  Дар кӯча намондаам, ки ваъдаи хонаро шунида, волаю шайдои марде бигардам. Раҳматӣ падарам моро бо манзил таъмин намуда буданд. Кушки шоҳона набошад ҳам, хона дорам.

 

       

Фариштахон, аз суханонатон чунин бармеояд, ки шумо шавҳари хориҷӣ карданро хуш надоред?

Орзуи ман бо марди тоҷик ба шавҳар баромадан аст.

Дар ҳақиқат аз фикратон гаштанӣ нестед?
-Не, ман дар зиндагӣ як гап дорам ва гапамро ҳеҷ гоҳ ду намекунам. Ишқи ман то ҳоло зиндааст ва танҳо ӯро мепарастам.

-Сарбози НАТО ба шумо пешниҳоди спонсор шуданро намояд, чӣ кор мекунед?
-Рад мекунам, чунки ҳар кӣ чизе медиҳад, дар ҷавоб чизи дигаре тамаъ дорад. Ман то имрӯз аз ҳисоби меҳнати худ хӯрда миннати касеро нашунидаам, дар оянда ҳам миннатшунав шудан намехоҳам.

Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *