Боз замин…Боз ришва…
Раҳмонқулов Илҳомҷон Зиёдуллоевич дар вазифаи котиби Ҷамоати деҳоти «Истиқлол»-и ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон кор карда бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд бо номи «Бахтиёр», ки худро духтури госпитали Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намудааст бо истифода аз ваколатҳои мансаби бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ бо мақсади ба даст даровардани даромади муфт аз шаҳрванд «А” барои ҷудо карда додани 0,45 га китъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ аз хисоби заминҳои корами обии Ҷамоати деҳоти «Истиқлол» маблағи 120 000 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Раҳмонқулов Илҳомҷон Зиёдуллоевич, бо ҳамроҳии Султонов Бахтиёр Қурбонмуродович, ҳангоми гирифтани маблағи 120 000 ҳазор сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз онҳо ҳамчун далели шайъи ёфта гирифта шуд.
Оид ба ҳолати зикршуда нисбати Раҳмонқулов Илҳомҷон Зиёдуллоевич, ва Султонов Бахтиёр Қурбонмуродович, бо моддаи 247 кисми 4 банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаиҷиноятӣ оғоз карда шуда,тафтишоти пешакиионидома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ