Рашида узви Конгресси Амрико мешавад 

Амрикоии фаластинитабор Рашида Тлаиб аввалин зани мусалмон аст, ки метавонад ба Конгресси Амрико шомилшавад.

Тлаиб дар интихоботи пешакии Мичиган аксари овозҳоро дарёфт кард.Дар ҷараёниовоздиҳие, ки барои палатаи намояндагони Конгресси ИМА намоянда интихоб мекард, ӯ панҷ довталаби ҳамҳизби худро пушти сар гузошт ва пирӯз шуд. Ин намояндаи Ҳизби Демократи Амрико дар ҳавзаи Мичиган дигар рақиб надорад.Рашида Тлаиб гуфтааст, ки дар сурати интихоб шуданаш ба Конгресс барои бимаи дастрас, боло бурдани ҳадди ақали маош, содда кардани раванди муҳоҷират ва пулиси гумруки Амрико мубориза хоҳад бурд. Ин ниҳодҳо борҳо барои рафтори бераҳмона ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ танқид шудаанд.Интихоботи миёндаврии ИМА ба моҳи ноябри соли 2018 барномарезӣ шудааст. Дар ин маърака 435 ҷой дар палатаи намояндагон ва 33 ҷой аз 100 нишаст дар Сенат мавриди сабқат қарор мегиранд. Агар демократҳо дар интихобот пирӯз шаванд, президент Трамп дар қабули қарорҳо ба мушкил рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *