“Андритз” Нораки қариб 50 соларо ҷавон мекунад

Ширкати “Барқи Тоҷик” аз миёни се довталаби асосӣ барои таъмиру таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, ширкати байналмилалии “Андритз”- ро интихоб кардааст, ки дар Олмону Австрия қароргоҳ дорад.

Ширкати “Андритз“ эълон кард, ки қарордоди таъмири нерӯгоҳ андаке бештар аз 120 миллион евроро ташкил медиҳад ва дар сурати таъмири комил, қудрати Норак, ки ҳоло 3 000 мегаватро ташкил медиҳад, 12 дар сад меафзояд.

“Бар асоси тарҳи таҷдиди фарогир ба ҷойи чархаҳои кӯҳна, нӯҳ агрегат ва турбинаҳои Франсис гузошта мешавад. Истгоҳҳои тақсими барқ ва дигар василаҳои идораи нерӯгоҳ низ тармиму таҷдид мешаванд” – омадааст, дар баён Нерӯгоҳи барқи обии Норак, ки соли 2022 50-сола мешавад. Норак ҳоло  бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад ва 70 дар сади нерӯи барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *