Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Куҳистони Масчоҳ

Имрӯз боздиди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳраки навбунёди Меҳргон, ки минбаъд маркази ноҳияи Куҳистони Масчоҳ хоҳад буд, оғоз ёфт. Мавсуф бинои навсохти дуошёнаи ҳукумати ноҳия, хонаи дуқабатаи муҷаҳҳазро, ки барои кормандони мақомоти иҷроия ва дигар мақомот пешбинӣ шудаанд, мавриди истифода қарор дод. Дар шаҳрак ҳамчунин сехи бофандагӣ, ки бонувони ноҳия дар он кору фаъолият хоҳанд намуд, мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамзамон Президенти Тоҷикистон аз майдони кишоварзии ноҳия дар деҳаи Вағон дидан намуд. Тавре деҳқонони ноҳия изҳор намуданд онҳо аз ҳар гектор то 60 тонн ҳосили картошка ба даст меоранд. Минбаъд, тавре ки дар рафти мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор шуд, дар чорводорӣ яке аз самтҳои асосии рушти минтақа картошкапарварӣ хоҳад гашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *