Марги як зоири тоҷик дар Макка

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон, рӯзи 10-уми сентябр  гуфт, як зоири тоҷик аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон аз сактаи қалб дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ даргузаштааст. Сарабек Маҳмадов 62 сол дошта, қаблан аз бемории дил ранҷ мебурдааст. “Вай шоми 9-уми сентябр, пеш аз баровардани ҳоҷиён ба водии Мино дар меҳмонхона аз дунё даргузашт. Роҳбарияти Кумита ва аъзои ситоди Ҳаҷ-2016 тасаллият ва ҳамдардии худро ба аҳли оила ва наздикони марҳум баён медоранд,” – афзуд Афшини Муқим. Имсол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар барои зиёрати Хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ рафтаанд. Бозгашти онҳо ба ватан рӯзи 17-уми сентябр оғоз мешавад. Соли гузашта Тоҷиева Гулсараи 66-сола аз Турсунзода ва Соҷида Нороваи 51-сола аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар рӯзҳои охири адои маносики Ҳаҷ аз бемории қалб даргузашта буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *