Боздиди Рустами Эмомалӣ аз боғи «Заряде» дар Москва
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи пленарии 15-уми Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ — СААД дар шаҳри Маскав қарор дорад.
Ба иттилои СААД, дар мулоқот раиси Маҷлиси миллии Арманистон Ален Симонян, раиси Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Беларус Владимир Андрейченко, раиси Маҷлиси парлумони Қазоқистон Ерлан Кошанов, ноибии раиси Сенати парлумони Қазоқистон Аскар Шакиров, раиси парлумони Қирғизистон Нурланбек Шакиев иштирок мекунанд.
Ҳамчунин, дар ин мулоқот ҳайати Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон таҳти раёсати Воҳид Ҷалолзода, раиси Кумиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Эрон ба ҳайси меҳмон иштирок хоҳанд кард.
Нахуст ҳайати меҳмононро роҳбари Ассамблеяи парламентии СААД, раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин истиқбол карда, меҳмонон шоми 4 декабр аз боғи «Заряде» дар Маскав дидан кардаанд.
Интизор меравад, ки Ассамблеияи парлумонӣ лоиҳаҳои тавсиявӣ барои такмили қонунгузории миллии кишварҳои узви СААД дар бахши ҷилавгирӣ аз терроризми байналмилалиро баррасӣ намояд.
Аз масоили меҳварии дигари мулоқоти мақомдорон ин таҳкими қонунгузорӣ барои ҳифзи низомҳои интихобот ва истиқлоли кишвар арзёбӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ