Замони оғози парвозҳои мустақим аз Душанбе ба Кувайт маълум шуд

Аз охири декабри имсол барои шаҳрвандони Тоҷикистон имконияти парвози мустақим ба шаҳри Кувайт пайдо мешавад.

Ширкати ҳавоии “Ҷазира” (Jazeera Airways) хабар додааст, ки шуруъ аз 29-уми декабр ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе ҳавопаймоҳои он дар самти Душанбе-Кувайт-Душанбе парвоз анҷом хоҳанд дод.

Гуфта мешавад, ки масофаи парвоз то Душанбе 3 соат, аз Душанбе ба Кувайт 3:40 дақиқа мебошад. Қимати билет ба ҳарду самт 175 динор, муодили 510 доллар нархгузорӣ шудааст.

Вебсайти хабарии newsroom.aviator.aero бо истинод ба маълумоти Роҳит Рамачандран, сарвари иҷроияи ширкати ҳавоии Jazeera Airways навиштааст, ки кори ин ширкат то ҳол дар бисёр ҷумҳуриҳои Шӯравии пешин роҳандозӣ шудааст ва ҳоло имкони сафари сокинони Ховари Миёна ба Тоҷикистон ҳам фароҳам мешавад. Ӯ гуфтааст, ки парвозҳои миёни Кувайт ва Душанбе инчунин барои зоирони Арабистони Саудӣ хидмат хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *