Боздиди сарони кишварҳо аз Намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои ОМ

Дирӯз, 14-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озорбойҷон — Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷой Илҳом Алиев дар шаҳри Душанбе ба Намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ ташриф оварданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоишгоҳи мазкур дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардида, ҳадаф аз он муаррифии маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолӣ ва тақвият бахшидани ҳамкории тиҷоратӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

— Дар толори маҳсулоти саноатии Тоҷикистон, ки 2310 метри мураббаъро ташкил медиҳад, беш аз 150 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ иштирок намуда, номгӯи зиёди маҳсулоти ватаниро муаррифӣ карданд. Аз ҷумла дар ин толор намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ, саноати сабук, саноати мошинсозӣ, саноати куҳӣ, канданиҳои фоиданок, энергетика, технологияи иттилоотӣ (IT), кишоварзӣ ва ғайра маҳсулоти хешро муаррифӣ намуданд,- меафзояд манбаъ.

Сарони давлатҳо ба захираҳои табиии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дарёфти роҳҳои нави истихроҷ ва истифодаи самараноку оқилонаи онҳоро муҳим шуморидаанд.

Таъкид гардидааст, ки ҳамкориҳои тиҷоратӣ байни молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ бояд боз ҳам бештар тақвият дода шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *