Нусхаи Турсунзода. Писари аршади Қаҳрамони Тоҷикистон даргузашт

Рӯзи 12-уми сентябр Масъуд — писари калонии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода аз олам даргузашт. Марҳум 83 сол дошт ва солҳои охир аз бемори диабети қанд ранҷ мекашид, гарчанде пайвандонаш сабаби марги ӯро аз сактаи қалб гуфтаанд.

Банда Масъуд Мирзоевичро мешинохтам ва борҳо бо эшон ҳамсуҳбат шудаам. Дидору мулоқотҳои мо асосан дар қаҳвахонаи “ТИМ”, ки дар шафати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дар наздикии хонаи эшон қарор дошт, сурат мегирифт. Худораҳматӣ ин маконро дӯст медошт ва бо дӯстонаш бисёр вақт дар он ҷо вомехӯрд.

Бори охир Масъуд Мирзоевичро соли гузашта, вақте дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи навбатӣ аланга гирифт, вохӯрда будам. Он шабу рӯз ҳама аз ин муноқиша суҳбат мекарданд. Дар он суҳбат Масъуд Мирзоевич гуфтанд:

— Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз солҳои 70-ум идома дорад. Соли 1973 дар марз чунин як муноқиша сар зад. Дар хотир дорам, падарамро аз тарафи Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба Исфара фиристоданд. Ин бори аввал буд, ки миёни сокинони ду ҷумҳурии бародар нофаҳмӣ сар занад. Он вақт аз ҷониби Қирғизистон Чингиз Айтматов ва аз ҷониби Тоҷикистон Мирзо Турсунзода вазифадор шуда буданд, ки бо мардум суҳбат карда, муноқишаро хомӯш созанд. Падарам дар яке аз гирдиҳамоиҳо суханронӣ карда, мегӯянд, ки тоҷику қирғиз хешутаборанд, зеро завҷаи Манас тоҷик буд — Ҳаникей ба тоҷикӣ Ҳанифа аст. Аз фарзандони ин хонадон мардуми қирғиз пайдо шудааст. Қирғизҳо ин ҳарфҳоро бо кафкӯбӣ истиқбол карданд. Дар ниҳоят, ҳарду ҷониб созиш карданд ва барои солҳои зиёд ин муноқиша хомӯш шуда буд.

Масъуд Мирзоевич аз он афсӯс хӯрданд, ки феълан байни шахсиятҳои тоҷику қирғиз Айтматов ва Турсунзода барин шахсиятҳои таъсиргузор нестанд, то ки нофаҳмиҳо бартараф ва хунрезӣ пешгирӣ шавад.

Ҳар замоне Масъуд Мирзоевичро медидам, табиист, ки аз устод Турсунзода суол мекардам. Эшон ҳам дар бораи падарашон бо шавқ суҳбат мекарданд.

Боре пурсидам, ки чаро ягон нафар аз фарзандон роҳи падарро пеша накарданд ва шоир нашуданд? Масъуд Мирзоевич бо табассум посух доданд: “Шоир худодод мешавад. Бо тарбия ва таҳсил шоир шудан нашояд”. Ва хотироти аҷиберо аз кӯдакиашон нақл карданд:

— Даврони мактабхониам бо забони русӣ шеър менавиштам, чунки дар мактаби русӣ таҳсил мекардам. Боре шеърҳоямро ба падарам нишон додам. Он кас гуфтанд, ки бурда ба касе нишон деҳ, ки туро ба мактаби русӣ бурдааст. Он кас Боқӣ Раҳимзодаро дар назар доштанд, зеро вақти дар сафар будани падарам бо хоҳиши модарам амаки Боқӣ маро ба мактаби русӣ бурда буданд. Падарам аз ин хашмгин буданд, вале коре карда наметавонистанд. Агар маро аз мактаби русӣ гирифта ба тоҷикӣ медоданд, гап калон мешуд. Ҳамин тавр, бо мусоидати Боқӣ Раҳимзода як шеърам дар “Пионерская правда” чоп шуд. Вале баъдар ман бештар ба радиотехника таваҷҷуҳ доштам. Падарам як бор ҷиддӣ гуфтанд, ки шеърро мону аз пайи техника шав. Шояд эшон дар ман ҷарақаи эҷодиро надиданд. Ҳамин тавр ман ин соҳаро интихоб кардам.

Масъуд Турсунзода физик — радиотехник буданд. Солҳо раҳбарии Интернати махсус ва баъдан Коллеҷи техникӣ (он замон сохтмон)-и Тоҷикистонро ба дӯш доштанд. Чандин даҳсола Клуби дӯстдорони радиотехникаро ба уҳда доштанд.

Боре як дӯсти журналистам бо Масъуд Турсунзода дар бораи ашъори падарашон суҳбат ороста, як саволи ноҷо дод. Пурсид, ки Турсунзода вассофи Ҳизби коммунист буд, шеъраш оё дархӯри ин замон ҳаст? Фикр кардам, ки Масъуд Мирзоевич оташин мешаванд, вале ором посух доданд: “Падарам ҳар нафас, ҳар қатра хун, ҳар тору мӯяшон коммунист буд. Зеро маҳз ҳукумати коммунистии шуравӣ ба як сағераи қаратоғӣ имкон фароҳам овард, ки то ба дараҷаи шахсияти ҷаҳонӣ бирасад…”. Ва дуруст ҳам мегуфт.

— Шумо фарзанди шоири машҳур ва шахсияти таъсиргузор будед. Кӯдакии фарзандони элита дар даврони Шуравӣ чӣ гуна сипарӣ мешуд?,- суол кардам боре аз Масъуд Мирзоевич.

Баланд хандидаву посух доданд:

— Дар замони шуравӣ ин хел нағмаҳо набуд. Тавре ҳозир мегӯянд, “Новие таджики”. Он замон чунинҳо набуданд. Мо мисли фарзанди ҳама калон шудем. Ягон имтиёз надоштем. Гоҳо падар моро бо мошин ба мактаб мебурд, вале ба ронанда мегуфт, ки дар дурӣ нигоҳ дорад. Намехост мо бифахрем, ки мошини Турсунзода моро то мактаб меорад. Вақте даъватнома омад, бе ягон ҳарф ба хизмати Ватан рафтем. Ҳам ман, ҳам бародарам Парвиз ва ҳам Фирӯза ба ягон мансаби баланди давлатӣ нарасидем, талош ҳам накардем…

Масъуд Мирзоевич мегуфтанд, ки дар даврони пиронсолагӣ бештар падарашонро ба ёд меоранд. “Солҳои охир вақте ба оина нигоҳ мекунам, падарам ба ёдам меоянд ва мехоҳам бо он кас суҳбат кунам. Афсӯс, ки он кас тез аз олам даргузаштанд ва бештари умрашон дар сафар, маҷлисҳо ва кори Иттифоқи нависандагон гузашт. Мо аз он кас сер нашудем…” мегуфтанд.

Масъуд Турсунзода мегуфтанд, ки ҳар гоҳ хумори падар гирад, ба ҳавлии шоир мераванд:

— Қабл аз он ки ба ҳавлӣ кӯчем, мо дар кӯчаи Орҷоникидзе зиндагӣ мекардем. Вале бештар ман ин ҳавлиро ёд мекунам. Ин ҳавлиро падарам худашон бо пули ҷоизаи сталинӣ сохтанд. Ин ҷо чизе набуд, як майдони холӣ буд. Дар ин ҳавлӣ як гармхона буд, барои гулпарварӣ. Расул Ғамзатов, шоири доғистонӣ борҳо дар ин ҳавлӣ меҳмон шудааст ва достоне бо номи “Сад Мирзо” низ навиштааст. Ба ин ҳавлӣ адибону олимони машҳури тоҷик ва Шуравӣ меҳмон мешуданд… 

Масъуд Мирзоевичро бисёриҳо нусхаи Мирзо Турсунзода мегуфтанд. Касоне шоири бузургро дидаанд, мегӯянд, ки Масъуд солҳои охири умри шоирро ба ёд меорад. Афсӯс, ки нишони устод Турсунзода аз олам даргузашт. Руҳаш шод бод!

О. НОЗИР  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *