Боздиди журналистон аз мавзеъҳои таърихӣ
Сафари аввалини корвон бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо сарпарастии ширкати ватании «Сиёма» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд 27-30 августи соли 2021 ба вилояти Суғд шуруъ шуд. Сӣ нафар журналист аз сӣ расонаи ватанӣ айни ҳол пас аз пазироӣ ва меҳмонавози мақомоти ноҳияи Айнӣ ва боздид аз Искандаркули овозадор, роҳ ҷониби Истаравн пеш гирифтанд.
Дар назди қалъаи Муғ ки таърихи хеле қадима дорад, рӯзноманигоронро мақомоти давлатии шаҳри Истаравшан бо нону намак ва карнайю сурнай пешвоз гирифтанд. Диққати рӯзноманигоронро дар ин қалъаи бостони дастовардҳои директори қалъа инсони бедору фарҳангдӯст М. Олимов ба худ ҷалб намуд. Субҳи имрӯз қарор аст, ки корвон аз шаҳри бостонии Истаравшан ба суйи Хуҷанди бостон равона шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75
Шарҳ