Ҳар рӯз 210 тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия мешаванд

Ҳамарӯза ба ҳисоби миёна ҳудуди 210 тоҷикистонӣ соҳиби шаҳрвандии Русия мешаванд, бармеояд аз омори расмии имсола.

Тоҷикистониҳо аз рӯи теъдоди гирифтани шаҳрвандии Русия баъди Украина дар мақоми дуюм қарор доранд.

Аз оғози соли равон беш аз 44 ҳазор зодагони Тоҷикистон соҳиби шиносномаи русиягӣ шуда, аз рӯи теъдод дар зинаи дуюм ҷой гирифтаанд, бармеояд аз оморе, ки дар сомонаи  ВУД Русия нашр шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар солҳои қаблӣ низ шаҳрвандони Украина ва Тоҷикистон аз пешсафон дар гирифтани шаҳрвандии Русия буданд. Бар асоси омори расмӣ, бештари онҳое, ки шаҳрвандии Русияро қабул мекунанд, аз собиқ кишварҳои Иттиҳоди шӯравӣ мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *