Боздошти қаламфури қирғизӣ дар Тоҷикистон
Дар шимоли Тоҷикистон зимни муоинаи гумрукӣ аз дохили нақлиёти боркаши тамғаи «Мерседес-Бенс», ки аз онро сокини 26-солаи шаҳри Истаравшан шаҳрванд Б.А. идора мекард, беш аз 7,5 ҳазор килограмм қаламфур ошкор гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин миқдор каламфур бидуни назорати гумрукӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст. 7,5 тонна қаламфур, ки арзиши умумиаш наздик ба 330 ҳазор сомонист, ба сокини 39-солаи шаҳри Кӯлоб, шаҳрванд А. С., тааллуқ дорад. Мавсуф онро тавассути нақлиёт аз Қирғизистон ба Тоҷикистон бидуни назорати гумрукӣ ворид намудааст.
Аз рӯи ин ҳолат нисбат ба шаҳрванд А. С. бо моддаи 289 қисми 2 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз карда шуда, ба Прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ирсол гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ