Мансабдорон аз Худо наметарсанд, бигзор аз президент битарсанд.

Несибгул Уябоева, сокини Остона манзилашро, ки бояд тахриб шавад, бо ширеш кардани аксҳои президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мехоҳад наҷот диҳад.
Манзили Уябоевҳо дар ҳудуди иттиҳодияи пешини боғпарварони «Май» ҷойгир аст. Ба гуфтаи вай, 91 акси президент сохтмончиёнро, ки мехоҳанд манзили ӯро тахриб кунанд, аз роҳ боз медорад.

«Чаро ман ин аксҳоро ширеш кардаам? Барои он ки мансабдорон аз Худо наметарсанд, бигзор аз президент битарсанд. Президент зиндагии осоиштаи мардумашро мехоҳад, инҳо бошанд моро аз манзил берун мекунанду заминҳоямонро мегиранд», — мегӯяд Уябоева.

Дар ин манзил ҳафт сокин, аз ҷумла ду ноболиғ ба сар мебарад. Соҳибхона мегӯяд, дар ибтидо мақомот ба ӯ дар ивази тахриби манзилаш 400 доллари ИМА ваъда карданд, баъдтар маблағи бештар ваъда шуд, аммо дар ҳар ду сурат маблағи ваъдагии мақомот барои харидани манзили нав кифоят намекунад.

21 апрел дар Остона дар ҷаласаи омодагӣ ба намоишгоҳи байналхалқии «ЭКСПО» Нурсултон Назарбоев аз мавҷудияти манзилҳои нимавайрон дар маркази пойтахти кишвараш нигаронӣ кард. Вай гуфт, чунин манзилҳо симои шаҳрро хатчадор мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *