Боздошти беш аз 17 ҳазор қонуншикан дар маросими ҳаҷ

Директори амнияти ҷамъиятӣ ва раиси Кумитаи амнияти ҳаҷ гуфтааст, ки бинобар қонуншиканӣ дар маросими ҳаҷ 17 ҳазору 615 нафар боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, ки аз ин шумора 9509 нафарашон вайронкунандагони қоидаҳои будубош, кор ва амнияти марзӣ ва созмондиҳандагони 105 маъракаи қалбакии ҳаҷ мебошанд.

202 ҳазору 695 нафаре, ки иҷозаи сафари ҳаҷ надоштаанд, аз нуқтаҳои вуруди Макка баргардонида шудаанд.

Ҳамчунин, 128 ҳазору 999 мошини бидуни иҷозаи вуруд ба Макка бозгардонида шудаанд.

33 нафаре, ки бидуни муҷаввизи ҳаҷ зоиринро мебурдаанд, боздошт шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *