ДМТ

Ифтитоҳи боз як озмоишгоҳи нав дар ДМТ

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии «Пайвастҳои координатсионӣ» мавриди истифода қарор гирифт. Дар ифтитоҳи озмоишгоҳ ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ва ҳайати устодону кормандон иштирок намуданд.

Тавре ки аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Pressa.tj  иттилоъ доданд, ин озмоишгоҳ 1-уми июли соли равон дар заминаи амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ифтитоҳ ёфт.

«Замони муосирро бе химия ва дастовардҳои саноати химиявӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Соҳаҳои саноати химиявӣ дар Тоҷикистон дар солҳои охир низ тараққӣ менамоянд. Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 2800 корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст, ки дар онҳо даҳҳо дастпарварони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият менамоянд»,-иттилоъ дод манбаъ.

Гуфта мешавад, ки озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии «Пайвастҳои координатсионӣ» баъди навсозӣ бо асбобҳои муосири дақиқсанҷ ва ченкунанда кушода шуд, ки аз чунин маводу таҷҳизот, аз қабили маводҳои химиявии аввалия, лигандҳои аз ҷиҳати биологи фаъол, намакҳои металҳои интиқолӣ, лавозимоти озмоишгоҳӣ, яхдон барои нигоҳдории моддаҳо, иономерҳои дақиқсанҷ, электродҳои навъи якум ва дуюм, ҳамоми обӣ, микроскопҳои электронӣ, асбоб барои муайян намудани миқдори гидрогени таркиби маҳлулҳо ва маҳсулотҳо, дастгоҳи дистилятор барои тақтири об, спектрофотометрҳо, рефрактометр, кондуктометр, тафдони нигаҳдорандаи ҳароратҳои баланд ва миёна, дастгоҳ барои мутаъдил нигоҳ доштани ҳарорати маҳлулҳо, тарозуҳои электронӣ барои муайян намудани вазни моддаҳо, штативҳои металлӣ барои доштани колбаҳо ва пробиркаҳо, омехтакунак, компютерҳо ва ғайраҳо иборат мебошанд.

Озмоишгоҳи мазкур аз соли 1970 инҷониб фаъолият намуда, дар пояи он 5 рисолаи докторӣ ва 21 рисолаи номзадӣ омода ва дифоъ карда шудааст. Айни ҳол 4 нафар рисолаи докторӣ ва 5 нафари дигар рисолаҳои номзадии худро омода менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *