Студияи таълимии телевизиони ДМТ ба истифода дода шуд

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ Телевизиони таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ТТ ДМТ) дар пояи факултети журналистикаи донишгоҳ ифтитоҳ гардид.

Бино ба иттилои ДМТ, дар ифтитоҳи студияи мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоир Саид, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм Содиқӣ Насиба Нурулло, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Раҳимзода Шабнам, муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сафарализода Ситора Сафаралӣ, ректори ДМТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар намояндагони васоити ахбори омма, инчунин устодону шогирдон иштирок намудаанд.

Возможно, это изображение 8 человек, осветительное оборудование, отдел новостей и текст

— Студияи таълимии телевизиони ДМТ бо дастгирии раёсати донишгоҳ ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, барои омода намудани кадрҳо ва чеҳраҳои нави телевизион саҳми худро хоҳад гузошт. Студияи таълимии телевизиони донишгоҳ бо техникаву таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, он имкон медиҳад, ки модулҳои нави зарурии таълимӣ дар асоси меъёрҳои муосири ба амалия нигаронидашуда ҷорӣ шаванд,- меафзояд манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, ба фаъолият пардохтани телевизиони донишгоҳӣ барои таҳияи барномаҳои ҷолиб ва видео-дарсҳои устодон ва донишҷӯёни факултаҳои дигари донишгоҳ имкониятро фароҳам меорад. Таъсиси ин телевизион дар рушди журналистикаи соҳавӣ таъсири амиқ мегузорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *