Чин дар Хатлон боз корхона месозад

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо як ҳайати соҳибкорону сармоягузорони Чин мулоқот кард. Намояндагони Чин ба имкони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтани корхонаи коркарди меваю сабзавот изҳори таваҷҷуҳ карданд. Дар ин бора МИҲД-и Хатлон хабар медиҳад.

«Дар рафти вохӯрӣ таъкид шуд, ки вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини кишвар буда, 36% аҳолии кишварро ташкил медиҳад ва он вилояти аграрӣ маҳсуб мешавад. Дар вилоят 60% маҳсулоти кишоварзии гуногун истеҳсол мешавад»,- гуфтааст Давлаталӣ Саид зимни мулоқот бо намояндагони ҳайати Чин.

Гуфта мешавад, ки намояндагони Чин ба рушди корхонаи коркарди меваю сабзавот дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ кардаанд. Онҳо қайд кардаанд, ки аллакай имкони коркарди ин маҳсулотро доранд ва омодаанд дар ҷумҳурӣ низ чунин корхонаҳои саноатӣ бунёд намоянд.

Илова мекунем, ки раиси вилояти Хатлон таъкид кардааст, ки бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар пас аз ба даст овардани истиқлоли кишвар имконпазир гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *