Боздошти боз ду нашъаҷаллоб дар Душанбе
Мақомоти милитсияи Душанбе аз боздошти М.Шарофзода ва Б.Тешабоев бо иттиҳоми муомилаи маводи мухаддир иттилоъ дод.
Раёсати ВКД дар Душанбе гуфт, ки Шарофзода Мансур, сокини 29-солаи шаҳри Ваҳдат бо иттиҳоми муомилаи маводи нашъадор боздошт гардид. Ҳангоми кофтуков аз номбурда 70-дона ҳабҳои экстазӣ дарёфту мусодира шуд.
Ҳамчунин, нафари дигар бо гумони ба муомила баровардани маводи мухаддир боздошт ва аз ӯ 3 кило «Метаамфитамин» мусодира карда шудааст. Тешабоев Б., сокини ноҳияи Фархор ин воситаҳои нашъадорро ба қисмҳои хурд ҷудо намуда, мехост ба дигар ҷавонон ба фурӯш гузорад.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ки ҳоло Тешабоев дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, бар зидди ӯ парванда боз шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ