Боздошти директори ширкати сохтмонии “Муҳаммадҷон 2011” барои сохтакории ҳуҷҷат
Ҷурахон Азимов директори ширкати сохтмонии “Муҳаммадҷон 2011” бо далели қаллобӣ ва сохтакорӣ аз ҷониби агентии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Тоҷикистон боздошт гардидааст.
Бино ба иттилои давфтари матбуотии агентӣ, Ҷурахон Азимов ҳангоми дар вазифаи директори ҶДММ “Муҳаммадҷон 2011” кор карданаш, даст ба қаллоби зада ҳуҷҷатҳои қалбаки омода мекардааст.
Гуфта мешавад, ки ӯ аз шаҳрванд Сафаров О. бо роҳи фиреб ва суиистифода аз боварӣ дар ду ҳолат маблағи 92 000 сомониро гирифтааст.
Дар ивази маблағ Ҷурахон Азимов ба Сафаров О. бо роҳи сохтакорӣ шартнома дар бораи ҳамкории саҳмгузорӣ дар ташкили сохтмони бинои истиқоматӣ аз 27 апрели соли 2017 ба имзо расонида, маблағи мазкурро тасарруф намудаст.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Азимов Ҷ.Ҳ. бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б” ва 340 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ