Боздошти домоди раис бо пора

Роҳбари ширкати саҳҳомии «Ӯздонмаҳсулот» Сурат Ҳайдаров ҳамроҳ бо домодаш Ҷамшед Шарипов, ки ба ҳайси котиби матбуотӣ фаъолият мекард, бо гумони гирифтани пора боздошт шуданд.

Мақомоти қудратии Ӯзбекистон Сурат Ҳайдаровро рӯзи 28 июн аз манзилаш дар шаҳри Тошканд боздошт карданд.

Ба гуфтаи мақомот, Ҷамшед Шарипов, домоди Ҳайдаров ҳангоми гирифтани пора боздошт шудааст.

«Он рӯз Ҷамшед Шарипов аз нуқтаи қабули ғалладонаи «Даштобод»-и вилояти Ҷиззах бармегашт. Ӯро ҳангоми гирифтани пора дар шоҳроҳ боздошт карданд. Пора барои фурӯши яке аз корхонаҳои истеҳсоли орди вилояти Тошканд дода шуд», — хабар доданд аз мақомот.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *