Далла тоҷиконро ба афғонҳо фурӯхт

ВКД аз ошкор шудани фоҳишахонае дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки мизоҷонаш асосан шаҳрвандони хориҷӣ буданд. Рӯзи амалиёт дар ин фоҳишахона ду шаҳрванди Афғонистонро ҳангоми «маишат” бо духтарони тоҷик боздошт кардаанд. ВКД мегӯяд, Мама-Розаи ин танфурӯшон Бадалова Фарангиз номуси духтарони тоҷикро дар ивази пули ночиз ба шаҳрвандони хориҷӣ мефурӯхт.

Кормандони шуъбаи чоруми раёсати кофтукови ҷиноии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки ҷиноятҳои ахлоқӣ дар умури ҳамин шуъба дохил мешавад, шаҳрванд Бадалова Фарангизро барои ҷалби занону духтарони ҷавон ба танфурӯшӣ дастгир кардаанд. Дар ин бора дар барномаи телевизионии «Милитсия – ҳомии ҷомеа” гузориш дода шуд.

Вазорати дохилӣ ҷалби занону духтарон ба танфурӯшӣ ва истисмори шаҳвониро як падидаи нигаронкунанда номида, мегӯяд, бархе занону духтарони тоҷик ба ин роҳи каҷ по гузошта, нафақат ба номи худ, балки ба иффат ва покдомании зану модари тоҷик иснод меоранд.

Бино ба ин гузориш, шаҳрванд Бадалова Фарангиз Муҳаммадиевна, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи кӯчаи Пушкини шаҳри Душанбе манзилеро дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба иҷора гирифта, онро ба фоҳишахона табдил додааст.

ВКД мегӯяд, аксари мизоҷони фоҳишахонаи Фарангиз шаҳрвандони хориҷӣ буданд: «Бадалова Фарангиз духтарони тоҷикро барои муносибатҳои маҳрамона бо шаҳрвандони хориҷӣ даъват карда, номуси иффати онҳоро ба ивази маблағи ночиз олудаи шаҳват ва мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор додааст. Бадалова Фарангиз ба ин васила аз шаҳрвандони хориҷӣ маблағҳои калони пулӣ ба даст оварда, ба манфиати шахсии худ истифода мебурд.”

Яке аз занон дар ин гузориш мегӯяд: «Суратҳои духтаронро ба шиносҳояш роҳӣ мекард. Роҳӣ мекард, худаш гап мезад, нарху наво мекард, баъд ба духтарон мегуфт, ҳамин хел шарту шурут аст, меоед? Ва онҳо меомаданд.”

Ҳангоми амалиёти кормандони шуъбаи чорум дар фоҳишахонаи Бадалова Фарангиз ду шаҳрванди Афғонистон – Амрулло Одил, соли таваллудаш 1986 ва Абдулатиф Ризоӣ, соли таваллудаш 1989 бо ду духтари тоҷик «истироҳат” доштаанд, ё ба таъбири ВКД, «машғули кирдори бадахлоқона буданд.”

Ин ду марди афғон гуфтаанд, ки Бадалова Фарангиз қаблан аксҳои духтаронро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба онҳо равон кардаааст, то онҳо духтарони писандидаашонро аз он байн интихоб кунанд.

ВКД дар гузоришаш мегӯяд, «таассуфовар аст, ки шаҳрвандони Афғонистон дар қаламрави кишвари мо ба ҳайси гуреза иқомат намуда, ҳукумати Тоҷикистон ба онҳо аз рӯи принсипҳои инсондӯстӣ паноҳгоҳи сиёсӣ додааст, вале онҳо ба ҷои итоат намудан ба қонунҳои амалкунанда бар хилофи қонун амал мекунанд.”

Дар солҳои охир «секс-туризм” ба Тоҷикистон аз ҳисоби шаҳрвандони Афғонистону Эрон, Покистон ва кишварҳои арабӣ афзоиш ёфтааст. Азбаски ҷазо барои танфурӯшӣ ва истеъмоли машрубот дар кишварҳои мусалмонӣ хеле шадид аст, мардони ҷӯёи «маишат” аз он кишварҳо барои чанд рӯз худро ба кишварҳои Шӯравии собиқ мезананд, то дар ин ҷо ин чанд рӯз ба кайфу сафо, ё ба таъбири ВКД, ба кирдори бадахлоқӣ дода шуда, «коми дил бароранд.”

Ахбор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *