Боздошти ду нафар бо 18150 дона «Трения»
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду нафар бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии маводҳои тарфгарӣ хабар дод.
— Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино ду нафар барои муомилоти ғайриқонунии маводҳои тарфгарӣ (пиротехникӣ) дастгир карда шуданд. Инҳо шаҳрвандон Касиров Муҳаммад Неъматович, санаи таваллудаш 01.06.2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, маҳаллаи Обчакорон ва Наботов Меҳроб Суҳробович, санаи таваллудаш 09.07.2001, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мебошанд. Баъд аз дастгир гардидан аз номбурдагон дар маҷмуъ 18150 дона маводҳои тарфгарии навъи «Трения» дарёфту мусодира карда шуд,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 199, иловаи яки Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот ҷараён дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ