Тоҷикистон то охири сол $ 434,5 миллион қарзу грант мегирад

Дар доираи 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ то охири соли равон имзои созишномаи нави қарзию грантӣ ба маблағи 434,5 миллион доллар пешбинӣ шудааст.

Дар ин бора Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон зимни ҳисобот ба Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, маблағи иловагӣ барои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва дастгирии буҷети давлатӣ ҷалб карда шуда, ҳамкорӣ дар ин бахш бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар 9 моҳи аввали соли равон Тоҷикистон наздики 324 миллион доллар қарзу грант ҷалб кардааст, ки ҳудуди 92%-и он ба грант рост меояд.

Ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, дар давоми моҳҳои январ — сентябри соли ҷорӣ дар доираи ҳамкориҳои ҳукумати кишвар бо созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ 9 созишномаи нави қарзию грантӣ баста шудаанд. Ин созишномаҳо барои амалӣ намудани 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 323,9 млн доллар равона гардидаанд.

Аз маблағе, ки дар доираи 9 созишнома ҷалб шудааст, наздики 298 млн доллар ва ё 92% грант мебошад. Ҳудуди 19 миллиони дигар ва ё 5,6% қарз ва 7 миллион доллар каме бештар аз 2% саҳми Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *