Боздошти ду “шантажист”, ки 4 ҳазор сомонӣ талаб кардаанд
Ду мард, яке 33 ва дигаре 26-сола, ҳарду сокинони шаҳри Истаравшан бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир карда шудаанд. Дар ин бора ВКД хабар дод.
Бино ба маълумот, номбурдагон 17-уми апрел бо мақсади фош накардани навори видеоие дар бораи муносибати ошиқона доштани ҷавони 23-сола ва ноболиғдухтари 15-солаи сокинони шаҳри мазкур, ки дар телефони мобилиашон сабт кардаанд, 4 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифтаанд.
Манбаъ меафзояд, ки нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ