Боздошти хонандагони мактаби рақами 91 ва ҷаримаи волидайн

Дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида, аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ 7-нафар хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91 шаҳри Душанбе боздошт шуданд.

Номбурдагон 2-юми апрели соли ҷорӣ, тахминан соати 12:30 дақиқа, дар кӯчаи Гипрозем, дар назди МТМУ №91 ноҳияи Сино бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати волидайни 7-нафар ноболиғ тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *