Дар Душанбе хонандаи сол муайян шуд

Хонандаи синфи 11-и литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Сангинов дар даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол-2023» сазовори ҷойи якум гардид. 

Дар ин бора Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Озмуни «Хонандаи сол-2023» рӯзҳои 29-30 март дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» баргузор гардида, дар рӯзи аввал корҳои тестӣ ва корҳои хаттӣ аз фанҳои таълимӣ гузаронида шуданд.

Дар рӯзи дуюми озмун бошад, қисмати саволу ҷавоб, маҳорати суханварӣ, намоиши корҳои эҷодӣ ва ҳисоботи эҷодии довталабони даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол-2023» баргузор гардид.

Гуфта мешавад, ки ғолиби даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол-2023» дар ҳамоиш бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *