Боздошти Икромова бо гумони дуздии болопӯши занона
Сокини 33-солаи пойтахт Ю. Икромова бо гумони дуздии болопӯши занона аз мағозаи шаҳрванд Ҳайдарова З., воқеъ дар ҳудуди ҶДММ «Бозори Корвон» дастгир карда шуд.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҳодиса 2 октябр, тахминан соати 15:30 рух додааст.
Нархи болопӯши дуздидашуда 3500 сомониро ташкил медихад.
Ҳолати мазкур мавриди санҷиши мақомоти милитсия қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ