Боздошти Камила аз ҷониби мақомоти милитсия
Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ҷавонзанеро дастгир карданд, ки бо пӯшидани либоси низомии милитсия оромии сокинони маҳаллаи худро халалдор мекард.
Икромзода Камила, сокини 30-солаи Душанбе дар натиҷаи шикояти ҳамсояҳояш дастгир карда шудааст.
Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар ш. Душанбе номбурда дар асл корманди милитсия набуда, чунин амалаш ба обрӯ ва нуфузи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсири манфӣ расонидааст.
Ҳоло нисбат ба Икромзода санадҳои зарурӣ тартиб дода шуда, таҳқиқот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ