Боздошти корманди ҳукумати шаҳри Душанбе
Беҳруз Мухторов дар вазифаи баланд кор карда, аз шаҳрвандон барои хусусӣ кардани моликияти коммуналӣ пул мегирифт
Тавре Агентии мубориза бо корупсия хабар додааст, сармутахассиси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Мухторов Беҳруз Муҳтоҷович боздошт шудааст. Ӯ дар ин вазифаи кор карда, аз шаҳрвандон барои хусусӣ кардани моликияти коммуналӣ пул мегирифтааст.
Мухторов моҳи феврали соли 2019 аз шаҳрванд Сониева Ш. барои тавассути музояда, шахсӣ кардани манзили истиқоматии коммуналии мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе, маблағи 24 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Ба иттилои Агентӣ, инчунин Мухторов бо ин тарз моҳи апрели соли 2019 аз шаҳрванд Қудратов барои шахсӣ карда додани манзили истиқоматии коммуналӣ, 225 ҳазору 370 сомонӣ гирифтааст.
Таъкид шудааст, ки нисбати Мухторов бар асоси моддаи 247 қисми 4 банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, барои қаллобӣ парванда оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
МАВЗӮЪҲОИ АСОСӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ