Боздошти корманди комиссариати ҳарбӣ бо пора
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 13-уми майи соли 2024 аз ошкор шудани як ҳолати гирифтани пора аз тарафи корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Темурмалик дар ҷанубу шарқи ҷумҳурӣ хабар дод.
Бино ба гузориши маркази матбуоти Агентӣ, Асомуддинов А. З. аз 27-уми сентябри соли 2021 то инҷониб дар вазифаи сардори зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Темурмалик кору фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба ҷиноят задааст.
Агентӣ дар шарҳи ин парванда мегӯяд: “Чунончи, миёнаи моҳи августи соли 2023 дар ноҳияи Темурмалик Асомуддинов А. З. бо сокини ин ноҳия, шаҳрванд Н. Ҷ. А. вохӯрда, огоҳ гардид, ки писари ӯ Н. Ф. Ҷ. нияти гузаштани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ (хизмати алтернативӣ)-ро дорад. Асомуддинов А. З. ҳолати мазкурро барои гирифтани маблағҳои пулӣ мусоид ҳисобида, бо сӯйистеъмоли мақоми хизматӣ барои дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ гузаштани хизмати ҳарбӣ аз ҷониби Н. Ф. Ҷ., аз падари охирон Н. Ҷ. А. маблағи 12 000 сомонӣ талаб намуда, моҳи августи соли 2023 дар ду ҳолат аз Н. Ҷ. А. маблағи зикршударо гирифт”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ