Манъи ҳоҷиталбону идгардак

Дар Тоҷикистон дар асоси қонун расман идгардакро барои кӯдакон манъ карданд. Ҳамчунин, маросими ҳоҷиталбон ва воридоту пӯшидани либоси фарҳанги бегона манъ шуд.

Тағйири номи қонун

Дар як ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар он тағйиру иловаҳо ворид гардид. Дар ин бора “Садои мардум” — нашрияи парлумони кишвар хабар медиҳад.

Дар ин ҷаласа Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ҷузъиёти тағйиру иловаҳоро шарҳ дода, гуфтааст, ки таҳрири нав ҷавобгӯ ба талаботи замон аст.

Дар ҷаласаи парлумон лоиҳаи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро Парвиз Шодизода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Файзулло Баротзода, вакили Маҷлиси намояндагон дастгирӣ кардаанд.

Ҳамин тавр, лоиҳаи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба овоз монда шуда, қонун қабул гардидааст.

Махсусан, дар лоиҳа мафҳуми “маросимҳо” ба “маросим”, ки худ шакли ҷамъ аст, иваз карда, мафҳуми “анъана” хориҷ карда шуд ва акнун номи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аст.

Идгардак манъ шуд

Дар асоси моддаи 9-и Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон “исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шуд”.

Ба гуфтаи Сулаймон Давлатзода, ин тағйирот “бо мақсади тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо” гирифта шудааст.

“Дар кишварҳои дигар низ идгардак дар шакли мавҷуда ба мушоҳида намерасад”,- таъкид кардааст раиси Кумитаи дин.

Ёдовар мешавем, ки мавзӯи идгардак дар рӯзҳои иди Рамазон ҳам мавриди баҳсу мунозираҳо қарор гирифта буд. Идгардак анъанаест, ки дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон кӯдакон ба хонаи ҳамсояҳо мераванд ва пас аз табрики ид туҳфа мегиранд. Бисёре аз сокинони кишвар мухолифи аз байн бурдани идгардак буданд. Вале феълан он расман манъ карда шуд.

Тағйирот дар тӯй

Ҳамчунин, дар асоси лоиҳаи нави қонун дар тӯйҳо ҳам баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ шуд. Аз ҷумла, бо пешниҳоди Сулаймон Давлатзода дар асоси моддаи 11-и лоиҳаи қонуни мазкур муҳлати ба таври ройгон гузаронидани хатна дар муассисаҳои тиббии дахлдор аз 20 рӯз ба 1 моҳ баъд аз таваллуд тамдид шуд.

Ғайр аз ин, хатнасури хайриявӣ бекор карда шуд, зеро “хатнасур ва маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак хусусияти оилавӣ касб намудаанд”.

Ҳамчунин, дар моддаи 12-и лоиҳаи қонуни мазкур илова ба муқаррароти мавҷуда оид ба тӯйи домодию арӯсӣ, гузаронидани на зиёда аз ду маърака дар тӯйҳо пешбинӣ гардида, ташкили маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд манъ карда шуд.

Манъи ҳоҷиталбон

Дар асоси лоиҳаи нави Қонун гуселу пешвози ҳоҷиён ҳам расман манъ шуд. Сулаймон Давлатзода дар ин ҷаласаи парлумон гуфтааст, ки “солҳои охир шумораи умракунандагон афзуда, аз ҷониби баъзе шаҳрвандон ҳангоми пешвози умракунандагон ба зиёдаравию исрофкориҳо роҳ дода мешавад”.

Аз ин рӯ, дар моддаи 13-и лоиҳаи қонуни мазкур дар доираи оила гузаронидани маъракаҳои гуселу пешвози ҳам ҳоҷиён ва ҳам умракунандагон пешбинӣ гардида, тақсими туҳфаҳо, идона, оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ карда шудааст.

Танзими либос

Дар лоиҳаи нави Қонун пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона низ манъ шуд. Гуфта мешавад, ки тибқи лоиҳаи қонуни мазкур “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ гардид”.

Вале дар Қонун мушаххас наомадааст, ки либоси бегона кадом либос аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *