Боздошти корманди Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти як корманди Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки Каримов Б. — сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидории комиссариати ҳарбӣ дар ҳамкорӣ бо Салимов Н. — корманди Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор аз шаҳрванд Ф. Амиров барои ба рӯйхати даъватшавандагоне, ки хидмати пулакӣ мекунанд, ворид кардан 17 ҳазор сомонӣ талаб карда, зимни гирифтани 9 ҳазор сомонӣ боздошт шудааст.
Агентӣ нисбат ба боздоштшудагон барои қаллобӣ (моддаи 247, қисми 2, бандҳои «б, в, г») парвандаи ҷиноятӣ боз карда, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Ин банди қонунгузорӣ ҷарима аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 72 сомонӣ аст) ё аз ду то панҷ соли зиндон пешбинӣ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ