Боздошти марди 70-сола бо гумони қатли ҳамсар

Сокини ҳафтодсолаи ноҳияи Ҳамадонӣ Мирзошариф Раҳмоновро, ки ба куштани ҳамсараш гумонбар аст, дар охири моҳи декабри соли 2024 боздошт кардаанд. 

Гуфта мешавад, ки ӯ моҳи ноябр ҳамсараш Сарагул Ояҳмадоваро бо корд ба қатл расонида, талош кардааст худро низ бикушад, аммо наҷот дода мешавад.

Бино ба гузориши «Озодӣ», пизишкон барои наҷоти ӯ талош мекунанд ва баъди шифо ёфтан аз бемористон ба боздоштгоҳ бурда мешавад.

Ба зидди Мирзошариф Раҳмонов бо иттиҳоми одамкушӣ (банди 104-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) парванда кушодаанд. Ба вай солҳои дарози зиндон таҳдид мекунад.

Наздикони боздоштшуда ба масъулини Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб гуфтаанд, ки Мирзошариф Раҳмонов пайваста бо ҳамсараш ҷанҷол мекардааст. Билохира, шаби 16-уми ноябр ба хона маст омада, бо корд ӯро задааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *