Боздошти нашъаҷаллобон бо 101 кило афюну гашиш

Мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд аз ду гурӯҳи қочоқбар 101 кило маводи мухаддир мусодира кардаанд. Аз ҷумла зодаи ноҳияи Дарвоз Баҳром Сияев дар шаҳри Истаравшан бо ҳудуди 66 кило ҳашиш ба даст афтодааст.

Дар вилояти Суғд аз фаъолияти ду шабакаи қочоқбари маводи мухаддир ҷилавгирӣ карда, аз аъзои ин ду шабака беш аз 101 кило маводи мухаддир ёфт ва мусодира кардаанд.

Бино ба гузориши шабакаи телевизионии СМ-1, яке аз боздоштшудаҳо Баҳром Гулмуродович Сияеви 44-сола, як зодаи ноҳияи Дарвоз аст, ки дар Душанбе зиндагӣ мекардааст. Баҳром Сияев аз сӯи мақомоти милисаи шаҳри Истаравшан бо 65 килову 740 грамм ҳашиш дастгир шудааст.

Шабакаи дуюми қочоқбар дар пайи боздошти сокини Душанбе Бобокалон Маҳмадович Набиев, соли таваллудаш 1968 ошкор шудааст. Бобокалон Набиев, ки дар соли 2009 бо айни ҷурми қочоқи маводи мухаддир маҳкум шуда ва тоза дар тирамоҳи соли 2016 бар асоси қонуни афв аз зиндон озод шуда буд, ин навбат бо 15 кило афюн ба даст афтод.

Ба думбол аз шарикони ӯ – сокини шаҳри Кӯлоб Ҳурмат Исоев, ки низ дар соли 2009 барои маводи мухаддир маҳкум ба зиндон шуда буд, ва шаҳрванди Афғонистон Маҳфузулло валади Ҳабибулло – боз 20 кило афюни дигар мусодира кардаанд.

Алайҳи ин наркобаронҳо бар асоси қисми чоруми моддаи 200-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аз сӯи гуруӯҳи муташаккил) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Бар асоси ин банди қонун ба ин 4 боздоштшуда аз 12 то 20 соли зиндон бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *